- бад
- I[بد]1. нохуб, ношоиста, нописандида, беадаб, бетарбия; муқоб. хуб, нек, нағз: ахлоқи бад, кирдори бад, нияти бад, одами бад, қасди бад, баду нек; колои бад ба риши соҳибаш (мақ.)2. зишт, ганда, нобоб, номақбул: бо бад нишинӣ, бад шавӣ (мақ.)3. ҷиҳати манфии чизе, манфӣ: таъсири бад, феъли бад; баҳои бад баҳои манфӣ, баҳои ғайриқаноатбахш (мас., дар имтиҳон)4. душвор, вазнин, сахт: аҳволи бад, дарди бад, рӯзи бад, ҳоли бад5. нохуш, шум: толеи бад, фоли бад, хабари бад6. ногувор, нофорам: бӯи бад, давои бад, таъми бад; дарди баддавои бад (мақ.)7. бадӣ; бад кардан бадӣ кардан, кори ношоиста кардан; обу ҳавои бад обу ҳавои номусоид; бад будан бо касе хусумат доштан бо касе, носоз будан бо касе; бад дидан касеро, чизеро нафрат доштан ба касе чизе; бад намудан (ба назари касе) зишт, номақбул намоён шудан; бад шудани кор ё ҳоли касе а) вазнин шудан, рӯ ба бадӣ овардани кор ё аҳволи касе; б) табоҳ шудан, чатоқ шудани кори касе; бад набудан зарар надоштан, аз фоида холӣ набудан: бад-бад нигоҳ кардан бо нияти бад ё хашмолудона нигаристан ба касе, чизе; чашми бад чашме, ки гӯё нигоҳаш асари бад дорад, чашме, ки чашм- захм мезанад; чашми бад расидан; гумони бад бурдан бадгумон шудан; дуои бад кардан бадии касеро хостан, ба касе бадӣ хостан; бад кардан касеро касеро ганда карда нишон додан; ғайбат кардан касеро; бо чашми бад нигоҳ кардан нисбат ба касе тамаъ кардан; ба касе кинаву ғараз доштанII[بد]шакли дигари пешоянди ба, ки бештар дар назм кор фармуда мешавад: бад-ин, бадон, бад-ӯ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.